zoofirma.ru
There are no translations available.

Дар толори Китобхонаи маркази шаҳри Гулистон ҷамъбасти ҳафтаи китобҳои кудакон ва наврасон баргузор гардид.

Чорабиниро директори Китобхонаи марказӣ Биомина  Мирзоева ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки дар давоми ҳафта тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба китобу китобдорӣ ва китобхонӣ чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҳамоишҳо, хонишҳои бадеӣ, маҳорати наттоқӣ ва амсоли ин баргузор гардиданд. Дар ҷамъбасти ҳафтаи китоб адибони гулистонӣ Илҳом Раҳим, Рабоат Худойдодова ва Лютфи Неъматзода баромад карда,  дар бораи китоб ва ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ суханронӣ намуда, аз ашъори тозаэҷодашон намунаҳо қироат карданд.

Дар чорабинӣ хонандагони фаъоли китобхона аз ашъори адибон бобати ифтихори ватандорӣ, одоби ҳамида ва табиати зебои кишвар шеърҳо хонданд. Ба китобхонони фаъоли китобхонаи шаҳрӣ адибон ифтихорномаҳоро дар вазъи тантанавӣ супориданд.