Матни равон

Санаи 22.03.2024 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона барпо карда шуд.

Дар чорабинии идона Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.

Нахуст, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Санаи 20.03.2024 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд,  бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, роҳбарии гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-соалгии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода  ва Хуҷамурод Сафарализода декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки санаи ки 9 март дар Кохи “Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мулоқот карданд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ қадами мубораку зиндагисози худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад.

Тавассути Истиқлоли давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии  худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид намуданд, ки: “Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.

Санаи 19.03.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд,  бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбарии гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-соалгии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода  ва Хуҷамурод Сафарализода декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки санаи ки 9 март дар Кохи “Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мулоқот карданд.

Санаи 19.03.2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва шахсони масъул доир гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар шањр имконияти қабул намудани 2440 истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар як вақт мавҷуд аст.

Дар давоми соли 2023 - 3078 меҳмонони хориҷӣ ва 30024 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 33102 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ (соли 2022-33007), 100,3 фоиз мебошад.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар соли 2023 аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 40,4  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3870
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11292
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89679
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629524

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?