zoofirma.ru
There are no translations available.

Ҷавонони арҷманди гулистонӣ!

Шумо неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастед. Дар қаламрави кишвар ҳамасола рўзи 23-юми май ҳамчун Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад. Бо самимият Шумо ҷавонони неруманд ва сарбаланди гулистониро бо ин ҷашни бошукўҳ муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, некрўзиву комрониҳо ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст. Дар Паёми Пешвои миллат бо таваҷҷуҳи хоса ба насли ҷавони кишвар соли 2017 "Соли ҷавонон" эълон гардид. Ин ташаббус ва иқдоми наҷиб, агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоии демографӣ ва сиёсӣ-стратегӣ рабт дода шавад, аз тарафи дигар хусусияти таърихӣ дорад.

Имрўз ҷавонони шаҳри Гулистон, ки 27 дарсади теъдоди сокинони онро ташкил медиҳанд, бо рўҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият бурда, дар ҳамаи чорабиниҳову маъракаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифативу варзишӣ саҳми назаррас ва нақши боризи худро гузошта истодаанд.

Итминони комил дорам, ки ҷавонону наврасони мо ба қадру қимати зиндагии осоиштаи имрўза, ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасанд ва бо дилу нияти пок, ба халқу ватани худ содиқона хизмат менамоянд.

Бо чунин таманноҳои нек ҳамаи Шумо - ҷавонони толеъбаланд ва бономуси Гулистонро ба ифтихори Рўзи ҷавонон самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод, осмони соф, азму талошҳои нав ба нав дар ҷодаи созандагиву бунёдкориҳо таманно менамоям.