Сатри равон
(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шарҳи Қайроққум аз яке аз шаҳрҳои муосир ва пешрафтаи вилоят ба шумор меравад. Дар муддати зиёда аз 40 сол шаҳри Қайроққум ба як қатор комёбиҳо ноил гашт. Чунончи айни ҳол дар миқёси шаҳр 15 адад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 адад муассисаҳои томактабӣ, 15 муассисаҳои тиббӣ, 24 адад муассисаҳои оммавӣ-фарҳангӣ, 18 адад корхонаҳои саноатӣ, 7 адад корхонаҳои сохтмонӣ, 3 корхонаҳои дар самти геология фаъолият дошта мунтазам фаъолият доранд. Дар тамоми корхонаву ташкилотҳои шаҳр зиёда аз 9000 нафар бо ҷои корӣ таъмин мебошанд. Музди миёнаи маоши кормандони шаҳр яке аз баладтарин буда, зиёда аз 800 сомониро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо тамоми корхонаҳои шаҳр бо 15 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ доранд.

Омили асосии пешравии шҳри Қайроққум ин корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр зиёда аз 50 номгӯи маҳсулотҳо истеҳсол карда мешавад.  Корхонаҳои саноатии шаҳр барои ғани гардонидани буҷет саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Дар ин радиф корхонаҳои хурд ва соҳибкорӣ низ дар миқёси шаҳр рушд ёфта истодааст.

Танҳо дар давоми се соли охир дар ҳудуди шаҳр корхонаи истеҳсоли консентрати сурбу руҳ дар шаҳраки Зарнисор, корхонаи ордбарории “Фаровон-1”, шишаи сохтмонӣ ва зарфҳои шишагин  дар ҶДММ “Корхонаи нонпазию қаннодӣ”, осоишгоҳи муосири “Баҳористон”, комплекси шавқмандкунии бачагонаи “Манижа” ва ғайра сохта ба истифода дода шудаанд.

Баҳри осон гардидани фаъолияти корхонаву ташкилотҳо ва аҳолӣ дар шаҳри Қайроққум филиали се адад бонкҳо – Амонатбонк, Ориёнбонк, Тоҷпромбонк ва инчунин нуқтаи интиқоли маблағҳои Бонки Эсхата ва Соҳибкорбонк фаъолият доранд.

Шаҳри Қайроққум бо ҷомеъаи мутамадин ҳамқадам мебошад. Чунончи дар миқёси шаҳр тамоми ширкатҳои мобилӣ алоқаи босифатро барои аҳоли пешниҳод менамоянд. Тамоми марзи шаҳр бо барномаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фарогир мебошанд.

Имрӯзҳо соҳили “Баҳри тоҷик” ба яке аз маконҳои биҳиштосои Тоҷикистон мубаддал гардида истодааст. Дар ин минтақа осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳатӣ, урудгоҳҳо бо таври замонавӣ сохта, ба истифода дода шуда истодаанд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:550
mod_vvisit_counterВчера:1442
mod_vvisit_counterНа этой неделе:3901
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:10961
mod_vvisit_counterВ этом месяце:29574
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:39874
mod_vvisit_counterИтотго:491403

Мы на Фейсбуке