Сатри равон

Городки

(4 голоса, среднее 4.25 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шаҳраки Сирдарё шаҳраки геологҳо буда, 26 апрели соли 1973 таъсис ёфтааст. Дар ин шаҳрак қариб 3,4 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд. Дар шаҳрак Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум ва дигар корхонаҳое, ки дар тадқиқоти зеризаминӣ, дарёфти конҳои нав, назорати меъёри обҳои зеризаминӣ ва ташхиси кӯҳу хоктеппаҳо мебошад фаъолият доранд.

(1 голос, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шаҳраки Чоруқдаррон аз 5 марти соли 1945 ин ҷониб арзи вуҷуд намуда, дар қисмати шимолии шаҳри Хуҷанд ҷойгир гашта, қариб 3,2 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар шаҳрак Комбинати фулузоти нодир ҷойгир шудааст. Иқтидори солонаи корхона коркарди 1,5 ҳазор тонна рехтаи фулузоти ранга мебошад.

(3 голоса, среднее 3.33 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шаҳраки Консой боиси ифтихори Тоҷикистон аст. Ин шаҳрак 11 июни соли 1933 ташкил шудааст. Шаҳраки Консойро шаҳраки нақбканҳо низ меноманд. Дар ин шаҳрак зиёда аз 4,9 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳисоб карда баровардаанд, ки ҳар як тири ҳафтуми дар ҷанг истифода кардашуда аз сурби комбинати полиметаллии Консой истеҳсол карда шудааст. Ҳоло дар ин ҷо корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада ҶДММ «Апрелевка» фаъолият дорад. Корхона маъданҳои тиллою нуыраи мавзеи Қарамазорро кор карда, дар як сол то 3,0  тонна металхои қимматбаҳо истеҳсол карда метавонад.

(5 голоса, среднее 2.80 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шаҳраки Адрасмон дар таърихи 26 марти соли 1941 таъсис дода шуда, аз маркази шаҳр дар масофаи 60 километр ҷойгир шудааст. Ин шаҳраки калонтарини Қайроққум буда, беш аз 13,6 ҳазор нафар аҳолӣ дар он истиқомат мекунанд. Дар шаҳрак комбинати маъданбарории Адрасмон ва Идораи шахтасозӣ фаъолият доранд. Иқтидори яксолаи комбинат коркарди 500 ҳазор тонна маъдан ва истеҳсоли 10 ҳазор тонна консентрати қурғошиму нуқраро ташкил медиҳад. Дар мавзеи тобеи шаҳраки Адрасмон – деҳаи  Қаромазор бештар аз 90 элементи таблитсаи Менделеев ёфта шуда, қаторкӯҳи Қурамаро дар ин макон «Урали тоҷикон» низ номидаанд.

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:404
mod_vvisit_counterВчера:2020
mod_vvisit_counterНа этой неделе:4440
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:13835
mod_vvisit_counterВ этом месяце:32964
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:64046
mod_vvisit_counterИтотго:1051285

Мы на Фейсбуке

Президенти кишвар