Сатри равон
(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.

Фармоишгар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “ТВЕА”- Ҷумҳурии Мардумии Чин, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъморӣ ва Шаҳрсозӣ” мебошад.

 

Маблағи умумии сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 — 13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар майдони наздики 3 гектар бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, соли 2018 ба анҷом расид. Дар вақти бунёди иншоот даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

Мактаби мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир 4 ошёна бунёд шуда, аз 35 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 дона тахтаи электронӣ, 25 адад компютер, 10 мошинаи зардӯзӣ мавҷуд аст.

Ифтитоҳи мактаби нав ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кудак рост омад, аз ин ру Сарвари давлат ба 30 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супориданд, ки дунёи зебо ва поку беолоиши онҳоро боз ҳам рангинтар намуд.

Зимни шиносоӣ аз шароити таълим дар ин муассисаи навбунёд Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзишманд барои насли ояндасози кишвар маънидод намуданд.

Дар суҳбат бо хонандагон Пешвои миллат онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:403
mod_vvisit_counterВчера:2020
mod_vvisit_counterНа этой неделе:4439
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:13835
mod_vvisit_counterВ этом месяце:32963
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:64046
mod_vvisit_counterИтотго:1051284

Мы на Фейсбуке

Президенти кишвар