zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

11 июн дар шаҳри Ҷенҷоуи музофоти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ қариб 400 гектарро ташкил дода, аз Майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, Майдони намоиши кишоварзии муосир ва Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад.

 

Дар майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ барои бунёд ва парвариши зироати кишоварзӣ, ҳифзи растаниҳо, хок ва нуриҳо, корҳои тадқиқотӣ аз болои лоиҳаи эмбриони ҳайвонот, кишту кори дақиқ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зироати ғалладона, ҷуворимакка, пахта, лӯбиё, кунҷид ва ғайраҳо таҷриба гузаронида мешавад.

Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ барои коркарди тухмӣ, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, маводи кимёвии самаранок, методҳои беҳтарсозии зотҳои говҳо ва гӯсфандҳо, махсус гардонида шудааст.

Дар майдони намоиши кишоварзии муосир барои намоиши илмиву тадқиқотии кишоварзӣ, намоиши натиҷаҳои тадқиқот, муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва гузаронидани таҷриба шароити корӣ фароҳам овардаанд.

Дар маркази намоиши илмиву технологӣ корҳои намоишдиҳӣ, истеҳсолию сайёҳӣ ва мубодилаи технология гузаронид мешаванд.

Дар қитъаҳои алоҳидаи озмоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши зироати ғалладонагӣ, пахта, ангур ва полезӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, олимони чиниро ба ҳамкорӣ даъват карданд.

Тавре маълум шуд, дар ин ҷо 66 навъи ангур, 96 намуди харбуза ва 68 навъи тарбуз парвариш меёбанд. Олимон навъи тарбузи зардро дар гармхонаҳо шинонидаанд, ки аллакай пухта расидааст.

Дар як қитъаи замини озмоишгоҳ баъди дарави ғалла бо даст пахтаи навъи “Юмен 88” шинондаанд ва он ба таври қатрагӣ обёрӣ мешавад.

Ҳамин тухмии пахта дар шароити Тоҷикистон то 50-сентнерӣ ҳосил медодааст ва тухмии он аллакай дар хоҷагиҳои пахтакори кишвар истифода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо таҷрибаи коргарон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳову комёбиҳои олимони соҳа баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки мақсади ташриф омӯхтани таҷрибаи якдигар баҳри рушди соҳаи муҳими иқтисодиёт дар бахши кишоварзӣ мебошад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.