Сатри равон
(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ифтитоҳи иншооти навро ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти мамлакат марбут донистанд.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаҷиҳата рушд намуда, дастовардҳои назаррас дар тамоми бахшҳо ба назар мерасанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногун иштирокчиёни мулоқотро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии ин гӯшаи дурдасти мамлакат ҳидоят намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:1371
mod_vvisit_counterВчера:3175
mod_vvisit_counterНа этой неделе:1372
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:21385
mod_vvisit_counterВ этом месяце:57199
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:59292
mod_vvisit_counterИтотго:1270196

Мы на Фейсбуке