Сатри равон
(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар саҳни майдони Кохи фарҳангии «Истиқлол» сокинон ва меҳмонони шаҳр Рӯзи шаҳри Гулистонро ботантана таҷлил намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамагонро бо ин рӯзи муборак таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки 55 сол муқаддам дар харитаи Тоҷикистон шаҳре дар соҳили «Баҳри тоҷик» қолмат афрохт, ки алъон дар кишвари соҳибистиқлоламон мақоми арзандаро соҳиб шудааст. Гулистон дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кўҳии кишвар ва туризм нақши бориз ва арзандаи худро касб намудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 адад ба 30-то расида, номгўи маҳсулотҳои истеҳсолӣ низ аз 13 номгӯй ба 92 номгўй баробар шудааст.

Агар 27 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблаѓи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, пас алъон ин нишондиҳанда дар охири соли 2017-ум ба 3,5 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса 394 маротиба зиёд шудааст. Агар соли 2000-ум музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр 32,4 сомониро ташкил дода бошад, имрӯз он ба 2752 сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса 85 маротиба зиёд гардида, музди маоши миёна дар ҳудуди шаҳр бошад, 66 маротиба боло рафтааст. Имрӯз корхонаҳои шаҳри Гулистон бо 22 мамолики дунё иртиботи ҳамкории судманд дошта, танҳо дар нимсолаи соли равон гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ беш аз 1,9 миллиард сомониро ташкил додааст.

Боиси ифтихормандии гулистониён аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи 9 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти бунёдии соҳаи саноати шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз табрикоти расмӣ ба собиқадорон ва пешоҳангони соњањои хољагии халқ унвони Шаҳрванди фахрии шаҳр ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи мутантан супорида шуданд.

Дар интиҳо санъаткорони номии ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр ба сокинон ва меҳмонон консерти калони идонаро таҳти унвони “Шаҳри ман – ифтихори ман”-ро манзур намуданд.


Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:3513
mod_vvisit_counterВчера:3067
mod_vvisit_counterНа этой неделе:6580
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:23390
mod_vvisit_counterВ этом месяце:37027
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:91548
mod_vvisit_counterИтотго:1428275

Мы на Фейсбуке