Сатри равон
(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар Кохи фарҳангии Истиқлоли шаҳри Гулистон даври шаҳрии Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор гардид.

Фестивал-озмуни «Бӯстон-2017» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав байни наврасону ҷавонон аз рӯи шартҳои навозиши асбобҳои мусиқӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ, рақс ва намоиши саҳнаи ҳаҷвӣ гузаронида шуд.

Пеш аз оғози озмун дар саҳни Кохи фарҳанг ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳайати ҳакамон ва меҳмонон гардонида шуд.

Баъдан дар толори Кохи фарҳанг барномаи рангини консертии аҳли ҳунару санъати шаҳр, ки аксаран ҷавононро дарбар мегирифт, намоиш дода шуд.

Дар охир аъзои ҳакамон аз ҳунарнамоии санъаткорони ҷавону умедбахши гулситонӣ натиҷагирӣ намуда, ҳофизони ҷавон Шораҷаб Эркаев, Фарҳод Дадобоев, Гулизор Маризоева, Фарҳод Одиев, гурӯҳи рақсии «Суғдиён» (роҳбараш Мадина Музаффарова), раққоса Алямира Музаффарова, найнавоз Ҳасанҷон Қодиров бо сипосномаи телевизиони «Сафина» сарфарозонида шуданд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:237
mod_vvisit_counterВчера:1732
mod_vvisit_counterНа этой неделе:6882
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:9054
mod_vvisit_counterВ этом месяце:30505
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:56127
mod_vvisit_counterИтотго:770493

Мы на Фейсбуке

Президенти кишвар