zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Бо мақсади дастгирӣ ва пуштибонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва фарогирии хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ дар маҷлисгоҳи МТМУ №10-и шаҳраки Зарнисор вохўрии васеи волидайни хонандагон бо кормандони ширкати дўзандагии «Асри тиллоӣ» доир гашт.

Намояндагони ширкати мазкур намунаи либосҳои омодакардаи хешро ба маърази тамошо гузошта, аз волидайн дархосту фармоиш гирифтанд. Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки МТМУ №10 яке аз аввалин шуда, хонандагонро бо либоси ягонаи мактабӣ пурра таъмин намуд.