zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот бо иштироки гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, фаъолзанон, ҷавонон ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир гардид. Раиси ҷамоат Сафар Нурматзода ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, доир ба татбиқи қонуни номбурда дар шаҳрак иттилоъ дод.

Сипас мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну марсоимҳои миллӣ Манучеҳр Шарипов, мудири бахши кор бо зан ва оила Ойнисо Раҳматзода, мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и шаҳр Динора Муҳаммадҷонова доир ба нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат ҳарф зада, дар бораи маданияти шаҳрдорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва либосҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб ва амсоли ин суханронӣ намуданд. Дар охир мубодилаи афкор ба вуқўъ пайваст.