Сатри равон
(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар натиҷаи ғамхориҳои пайгиронаи давлату Ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр сол аз сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф меафзояд, сохтмон ва таъмири мактабу синфхонаҳо ва гурўҳҳои иловагӣ суръат гирифта, заминаи моддӣ - техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким меёбад. Барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавону наврас амалӣ гардида истодаанд.

Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳои Сарвари давлат дар мулоқоту вохўриҳо бо аҳли ҷомеа, хонандагону омўзгорон вазъи имрўзаи мактабу маориф васеъ таҳлил гардида, ба вазоратҳои дахлдор, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Алҳол сохтмону таъмири мактабҳо, ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон, тайёрии муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ба тирамоҳу зимистонгузаронии соли хониши 2017-2018, таъмини таълимгоҳҳо бо мутахассисони ихтисосманд, мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ, технологияи компютерӣ ва таъмин намудани озмоишгоҳҳо бо таҷҳизотҳои таълимӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон босуръат идома дорад.

Боиси тазаккур аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - Соли ҷавонон эълон карда шудааст. Вобаста ба ин, мо тасмим гирифтаем, ки масъалаи таъин намудани ҷавононро дар вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаи маорифи шаҳри Гулистон мақсаднок ба роҳ монда, бо тарбияи мутахассисони ҷавон, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузорем.

Раванди ислоҳоти бунёдӣ, силсилаи кору ташаббуси наҷиби Сарвари давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон моро водор намуд, ки ба ҳамаи кормандони соҳаи маориф, омўзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва кулли сокинони шаҳру шаҳракҳо муроҷиат намоем.

Ҷомеа ҳамеша ба омўзгорон-бахшандагони нуру зиё ва маърифату хирад эътимоду таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ояндаи неки насли наврасро ба меҳнати пуршараф ва ҷасорати азими онҳо вобаста медонад.

Мо, омўзгорон бояд ҳисси масъулиятшиносиро дар ҷодаи таълиму тарбия баланд бардошта, шогирдонро бо донишҳои ҷавобгўи барномаҳои таълимӣ ва меъёрҳои давлатию байналхалқӣ мусаллаҳ намоем. Онҳоро дар руҳияи арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳанги бойи миллӣ тарбия намуда, ба воя расонем.

Дар насли ҷавони имрўза ташаккул додани ҳисси баланди хештаншиносӣ, ватандўстӣ, сулҳу дўстӣ ва рафоқат, эҳтиром нисбат ба волидайн ва калонсолон бояд дар маркази диққати ҳар як ҷомеаи омўзгорӣ қарор гирад. Дар баланд бардоштани савияи донишҳои педагогию психологии падару модарон ва дар азми ба камол расонидани фарзандони комилу соҳибмаърифат кумак расонем.

Падару модарони гиромӣ!

Дар амалисозии рисолати хеш мактабу маориф, омўзгорону мураббиён бо кумаку дастгирии Шумо бештар ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, аз Шумоён эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки робитаро бо мактаб, омўзгорону мураббиён қавитар намуда, дар пешрафти кори соҳа ва тарбияи фарзандон ёриву мадади худро дареғ надоред. Шумо бо ин амали худ дар бунёди ҷомеаи маърифатнок ва мутамаддин саҳми арзанда гузошта, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба таълим ва тарбияи фарзандон, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нишон дода шудааст, адо хоҳед кард.

Мо, кормандони соҳаи маориф, дастгирии шахсони саховатпеша, ташкилоту ҳоҷагиҳои сарпараст, ташкилотҳои байналхалқиву ғайридавлатиро дар таҳкими заминаҳои моддию-техникӣ ва таълимии мактабҳо пайваста эҳсос менамоем. Умедворем, ки минбаъд низ онҳо дар кори сохтмон, таъмир ва барқароркунии иншоотҳои маориф, ҷиҳозонидани мактабҳо бо технологияҳои муосири таълим иқдомҳои наҷиб ва ташаббусҳои тозаро идома медиҳанд.

Мо маорифчиёни шаҳр, иҷрои маҷмўи дастурҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро вазифаи муқаддаси хеш дониста, сокинони шаҳрро бовар мекунонем, ки барои комилан тағйир додани раванди таҳсилот, ки талаби замон мебошад, дар асоси «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои маориф» тамоми кўшишу ғайрат, маҳорат ва азми худро равона месозем.

Мо содиқона аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, сатҳи таълим, маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии маънавии насли наврасро ба зинаҳои сифатан нав мебардорем.

Ҳамеша ба дониш, қудрату истеъдоди омўзгорони варзидаву соҳибтаҷриба такя намуда, баҳри тарбияи насли солиму созандаи миллат ва ояндаи пурзиёи илму маориф кўшиш ба харҷ медиҳем.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:556
mod_vvisit_counterВчера:1442
mod_vvisit_counterНа этой неделе:3907
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:10961
mod_vvisit_counterВ этом месяце:29580
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:39874
mod_vvisit_counterИтотго:491409

Мы на Фейсбуке