Сатри равон
(1 голос, среднее 2.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳр мақоми олии давлатӣ дар шаҳр ба шумор рафта, ташкил ва роҳбарии умумии фаъолияти мақомотҳои намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳо ва сохторҳои маҳаллии мақомотҳои марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумхурии Тоҷикистонро дар қаламрави шаҳр дар доираи ваколатҳои худ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ба амал мебарорад.

Раиси шаҳр самт ва афзалиятҳои асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсати молиявӣ ва ягонаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро муайян менамояд.

Дар сурати ҳозир набудани Раиси шаҳр иҷрои вазифаҳои ӯ ба зиммаи муовини аввали Раиси шаҳр ва ё бо супориши ӯ ба ӯҳдаи яке аз муовинони Раиси шаҳр супорида мешавад.

Раиси шаҳр чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад:

  • ҳамкориро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
  • шаҳрро дар чорабиниҳои вилоятӣ, умумиҷумҳуриявӣ ва дар хориҷи кишвар, инчунин дар тамоми мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад:
  • ба сиёсати кадрӣ ва хизмати давлатӣ дар шаҳр роҳбарӣ мекунад:
  • сиёсати мақсаднокро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ҳалқи шаҳр муайян менамояд:
  • доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ сиёсати минтақавии марбут ба ислоҳоти иқтисодӣ, қарзиву молиявӣ ва ҷалби маблағгузории хориҷӣ роҳбарӣ мекунад:
  • роҳбариро ба фаъолияти мудофиаи шаҳрвандӣ ва комиссияи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳр анҷом медиҳад:
  • фаъолияти тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва мақомотҳои амниятии ҷамъиятро ҳамоҳанг месозад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:1208
mod_vvisit_counterВчера:3661
mod_vvisit_counterНа этой неделе:4869
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:20405
mod_vvisit_counterВ этом месяце:36796
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:86703
mod_vvisit_counterИтотго:1336496

Мы на Фейсбуке