zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Дар марказӣ шаҳр ва шаҳракҳои Гулистон 8 хатсайри микроавтобусҳои мусофиркашон фаъолият намуда, мушкилоти мусофиронро осон мегардонанд. Ин хатсайрҳои рақамҳои  16, 40, 40а, 66, 45,337,127 ва рақами 117 мебошанд.

Хатсайри рақамҳои  16, 40, 40 а аз шаҳри Гулистон ба се самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат намуда, ба ҶДММ «Дейра-Транс» тааллуқ доранд. Хатсайри рақами 66 аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба воситаи шаҳраки Ғафуров то минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон ҳаракат намуда, ба ҶДММ «Ронанда-1» мутааллиқ аст. Хатсайри рақами 45 аз шаҳраки Сирдарё ба шаҳри Хуҷанд то беморхонаи вилоятӣ ҳаракат мекунад ва ба ҶДММ «Газелтранс» тааллуқ дорад. Хатсайрҳои рақами 337 аз Хуҷанд ба Адрасмон, рақами 127 аз Хуҷанд ба Консой, рақами 117  аз Хуҷанд ба Чоруқдаррон ҳаракат намуда,  ба ҶСК «Сайёр» мансубият дорад. Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар истгоҳи охири ҳамаи хатсайрҳо нуқтаҳои махсуси санҷиши техникии нақлиёт ва муоинаи тиббии кормандон ташкил гардидааст. Инчунин, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи доимамалкунандаи оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҳудуди шаҳр фаъолият мебарад. Аз 69 км роҳҳои автомобилгарди дар шаҳр мавҷуда, дар соли 2018 мувофиқи нақшаи таъмири роҳҳо ба дарозои 44.1 км мавриди таъмиру тармим қарор мегирад. Аз ҷумла 3 км таъмири асосӣ, 19.1 км таъмири ҷорӣ ва 22 км шағалпӯш карда мешавад. Ба ҳолати санаи 5-уми июни соли 2018 зиёда аз 2 км роҳи кӯчаи Исмоили Сомонӣ пурра мумфарш карда шуд. Корҳо оид ба мумфаршкунии роҳҳои кӯчаи Суғдиён ва байни маҳаллаҳо идома дорад.

Ба аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои шаҳр аз ҷониби филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и шаҳр дар самти алоқаи телефонӣ хизматрасонӣ карда мешавад. Ғунҷоиши васлшуда бо 3024 нуқта буда, барои дар оянда васл намудан 892 нуқта мавҷуд мебошад.

Истифодабарандагони интернети баландсуръат дар байни корхонаю ташкилотҳо ва аҳолӣ 132 ададро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳо ба ғайр аз корхонаҳои буҷетӣ, корхонаҳои азим ба монанди ҶДММТК «Апрелевка», ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Фаровон», ҶДММ «Шоҳин»,ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон», Шабакаҳои барқии Суд ва якчанд корхонаҳои хурду миёна аз хизматрасониҳои ҶСК «Тоҷиктелеком» истифода мебаранд. Алҳол, корхонаҳои зерини буҷетӣ аз хизматрасониҳои алоқаи телефонӣ ва интернети баландсуръати ҶСК «Тоҷиктелеком» истифода менамоянд: МИҲД-и шаҳри Гулистон, маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ, нозироти андоз, АДСИН, шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, идораи бойторӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, кумитаи заминсозӣ, раёсати молия, шуъбаи маориф, ШВКД ва гайра.