Сатри равон
(3 голоса, среднее 1.67 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шуъбаи маориф барои татбиқи сиёсати ягонии давлатӣ дар соҳаи маориф масъул аст. Ба шуъбаи маориф аз рӯзи таъсисёбиаш (соли 1963) Тарасов Л.В. (1963-1967), Романова Н.П. (1967-1981), Онуфрей Т.Ф. (1981-1991), Павлов И.Ф. (1991-1992), Алиев А.Х. (1992-1995), Кириллина Г.П. (1995-1997), Незирова С.Ҳ. (1997-2002), Қосимова К.М. (2002-2007), Султонова Р.И. (2007-2010), Ҳайдаров М.А. (2010-2016) роҳбарӣ карда, дар рушду нумӯи маорифи шаҳр саҳмгузорӣ намудаанд.

Алҳол ба шуъбаи маориф Бобозода М.Ҳ роҳбарӣ менамояд. Шуъбаи маориф дорои 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, Маркази таҳсилоти иловагӣ, 9 (1х8) кӯдакистон мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ 9027 нафар хонандагон дар 383 синфхонаҳо тарбия мегиранд. Шумораи омӯзгорон 664 буда, аз онҳо 561 нафарашон занҳо мебошанд. Бо маълумоти олӣ 520 нафар, олии нопурра 80 нафар, миёнаи махсус 64 нафар бо таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Теъдоди мураббиён дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр 70 нафар ташкил медиҳад. Шумораи умумии дастпарварони ин муассисаҳо 1684 нафар буда, дар 69 гурӯҳ ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар назди кабинети методии шуъбаи маориф семинарҳои фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, синфҳои ибтидоӣ, забони русӣ, забони англисӣ, ва забон ва адабиёти рус пайваста гузаронида мешаванд. Дар муассисаҳо директорон ва муовини директорон оид ба корҳои таълиму тарбиявӣ фаъолият мебаранд. Инчунин аз соли хониши нави 2018-2019 дигар бахшҳои шуъбаи маориф низ семинарҳои фанҳои химия, биология, география, таърих, ҳуқуқ, тарбияи ҷисмонӣ, таълими меҳнат, физика, математика, технологияи информатсионӣ, китобдорон, муассисаҳои томактабӣ, семинари дастурдиҳии Бахши хадамот дар як сол 4 маротиба дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъ шуда, машғулиятҳо ташкил менамоянд. Машғулиятҳои онҳо дар намуди семинар ташкил ва гузаронида мешавад. Ҳоло давраи чоруми барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии шаҳр барои солҳои 2015-2020 давом дорад.

Ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр ва маркази технологияи информатсионӣ дар соҳаи маориф ба шабакаи интернет пайваст шудаанд. Дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр 12 компютер мавҷуд аст, ки  дар он маҳфили «Технологияи информатсионӣ» амал менамояд.

Дар шуъбаи маорифи шаҳр 32 нафар омӯзгорон нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд. Танҳо дар давоми соли хониши 2017-2018 3 нафар кормандон соҳиби нишони мазкур гардиданд. Инчунин 9 нафар омӯзгорон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд.

Ҳамасола кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф кушиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагон дар Олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намоянд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар Олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:1514
mod_vvisit_counterВчера:3175
mod_vvisit_counterНа этой неделе:1515
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:21385
mod_vvisit_counterВ этом месяце:57342
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:59292
mod_vvisit_counterИтотго:1270339

Мы на Фейсбуке