zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Муассисаи давлатии «Мактаби варзиши»и шаҳри Гулистон соли 1960 таъсис ёфта сарвараш Зайкин Виктор Михайлович (1960-1980), Қузиев Тоҷибой Қузиевич (1980-1985), Медведев Владимир Шамсович (1985-1986), Акрамов Ином (2000-2004), Мукарамов Акмал (2004-2005), Раҳимхӯҷаев Қурбонхӯҷа (2005-2006), Тӯйчиев Султонхон (2006-2008), Аминов Абдуқодир Қурбонович (2008), Ниязов Эркин Гадоевич (2008-2009), Муҳидинов Ином (2009-2012), Қаюмов Темурхон Азимҷонович (2013-2016), Баротов Далерҷон Шокирҷонович (2016-2018), Маҳкамов Маҳкам Аскарҷонович (2018 то ҳол) фаъолият бурдаанд. Дар мактаби варзишӣ 64 гурӯҳҳои таълимӣ, ки 11 шуъбаҳоро дар бар мегирад: аз онҳо 8 намуд олимпӣ (футбол, волейбол, баскетбол, бокс, варзиши сабук, гӯштини юнонӣ, румӣ, тениси рӯи миз, карате (ВКФ)3 намуд ғайриолимпӣ (карате-до, карате анъанавӣ, дастхобонӣ) фаъолият мекунанд.

Дар онҳо 648 нафар варзишгарон таълим мегиранд, ки аз онҳо 75 нафарашон бонувон мебошанд.

Ҳамагӣ 23 нафар мкраббиён дар муассиаси давлат мактаби варзишӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 8 нафар мураббиён бо маълумоти олӣ,12 нафар миёнаи махсус ва 3 нафар олии нопурра.

Дар Кохи варзиши Истиқлол аз рӯи 4 намуди варзишӣ: баскетбол, волейбол, дастхобонӣ ва карате-до дар як рӯз зиёда аз 80 ҷавонон ва бонувон машқ мекунанд.

Ҳамасола варзишгарони шаҳри Гулистон дар мусобиқаҳои гуногун иштирок меварзанд. Қайд кардан зарур аст, ки аз шумораи умумии варзишгарон 4 нафар финалист ва ҷоизадорони чемпионати ҷаҳон, 3 нафар медалисти Ҷоми Ҷаҳон ва 1 нафар чемпиони Осиёи марказӣ оид ба карате-до ва дастхобонӣ мебошанд. Инчунин 150 нафар чемпионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои зерини варзиш:  футбол, карате-до, годзю-рю, дастхобонӣ мебошанд, ки онҳо ҳамарӯза дар толорҳои варзишии шаҳр тамрин мекунанд.