Санаи 22.03.2024 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона барпо карда шуд.
Дар чорабинии идона Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.
Нахуст, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳр!
- Баргузории мулоқот бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Консой оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баён доштанд
- МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВОБАСТА БА СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”