zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Ҷашни нерӯи фардосози миллатҲар сол 23-юми май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба ин муносибат дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун доир мешаванд.

Санаи 22-юми май дар саҳни Кохи Истиқлол тантанаи ҷамъбасти як моҳи ҷавонӣ таҳти унвони «Ҷавонон – идомадиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» доир гардид, ки дар он Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирок дошт.

Раҳпаймоии ҷавонон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон бо дарки баланди худшиносиву ватандӯстӣ ҳамчун фарзандони шоистаи миллат собитгари кору пайкори насли имрӯз буд.

Ҷашни нерӯи фардосози миллатРаиси шаҳр Матлубахон Амонзода Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони шаҳр табрик гуфта, афзуд, ки мо ин ҷашни муборакро дар рӯзҳое таҳлил менамоем, ки мардуми кишвар бо бардоштҳои амиқу муҷаддат аз Паёми Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат фаъолияти минбаъдаашро тарҳрезӣ намуда, бо қадамҳои устувор сӯи ояндаи нек равон аст. Ҷавонон дар ҷаҳони муосир қувваи бузурги пешбаранда буда, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Баъдан ба 25 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Матлубахон Амонзода идрорпулии Раиси шаҳри Қайроққум супорида шуд.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанг бо суруду таронаҳои дилпазир ва рақсҳои мавзун табъи иштирокдорони чорабиниро шод гардониданд.