zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи фаъолони шаҳри Гулистон вобаста ба баррасии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми се моҳи аввали соли 2017 баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Ҳакимзода роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар давоми семоҳа маърўзаи муфассал намуд.

Дар муҳокимаи маърўза Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода нахуст аз номи худ ва Раиси вилоят онҳоеро, ки дар ташаккули соҳаи саноат ва дигар самтҳои хоҷагии халқ саҳми босазо гузоштаанд, ташаккур намуд. Ҳамчунин таъкид сохт, ки мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон фаъолияти худро дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар асоси Қонуни констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Амру Фармонҳои Президенти кишвар, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, бо як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гарид.

Тазаккур ёфт, ки шаҳри Гулистон дар миқёси ҷумҳурӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҷои намоёнро ишғол намуда, 38,2% маҳсулоти саноатии вилоятро таъмин менамояд. Раиси шаҳр ҳамчунин қайд намуд, ки шаҳри Гулистон ҳам аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳам аз ҷиҳати мавҷудияти имкониятҳо барои рушди саноат ва дигар самтҳои хоҷагии халқ шароити мусод дошта, ташаккул додани ҳамаи соҳаҳои он имконпазир мебошад ва аз якояки мо тақоза карда мешавад, ки барои ноил гардидан ба дастовардҳои бештару беҳтар сарҷамъона кору пайкор намоем. Табиат ва мавқеи ҷуғрофии шаҳр барои рушди соҳаи туризм ва сайёҳӣ басе мувофиқ буда, вақти он расидааст, ки оид ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар намуда, аз ҳисоби ин бахш буҷети шаҳрро ғанитар намоем. Аз муҳокимаи Раиси шаҳр маълум гардид, ки дар баробари дастоварду муваффақиятҳо камбудиву норасоиҳо ҷой дошта, масъулини як қатор сохторҳои мақомотҳои гуногун ва корхонаву идораҳо дар иҷрои супоришу уҳдадориҳо ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода низ иштирок ва баромад намуд.