zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Бахшида ба бистумин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва эълон гаридани соли 2017-Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент бо саварони корхонаҳо, роҳбарони ташкилот ва идораву бахшҳо сурат гирифт.

Ҷаласаро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон ва таъсири мусбии он ба ташаккули самтҳои мухталифи хоҷагии халқ сухаронӣ намуд. Аз ҷумла, тазаккур дод, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар панҷ моҳи аввали соли равон як миллиарду 308 миллиону 922, 8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки далели гуфтаҳои болоӣ мебошад.

Роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода доир ба Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки баробари ба сари қудрат омадани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба ҷавонон беш аз пеш вусъат ёфта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон" ба тасвиб расид, ки ин худ далели мароқ зоҳир намудани Сарвари кишвар ба тақдири ин насл мебошад.

Корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Сайфиддин Мирзозода перомуни хизматҳои шоистаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи тоҷикон сухан гуфта, аз ҷумла, қайд кард, ки маҳз ҳамин заҳматҳои рустамона буд, ки мардуми гавҳаршиноси тоҷик ӯро расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат интихоб намуданд ва дар ин замина қонун ҳам қабул гардид.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Киромиддин Мухторов доир ба истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози назар намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар тӯли ҳазор соли охир халқи тоҷик ҳеҷ вақт даст аз муборизаи озодихоҳиву истиқлолиҷӯии худ накашидааст.