zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Муҳтарам кормандони соҳаи тибби шаҳр!

Беҳтарин неъмат барои инсон саломатӣ мебошад. Маҳз барои ҳамин ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тиб, пурсамар гардидани фаъолияти табибон ва дар ин замина ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ғамхориҳои пайваста зоҳир менамоянд. Имрўз дар мамлакат қариб бист Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар амал татбиқ мегарданд.

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад, пайваста қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз ғамхории ҳамарўзаи роҳбарияти кишвар, шахсан аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳидояти некбинонаи Сарвари давлат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки вазъият сифатан беҳтар гардад.

Шоистаи таъкид аст, ки илми тиб дар тамоми даврони рушди таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, мавҷудияти осори фаровони марбут ба усулҳои суннатии табобат, дорусозӣ, гиёҳдармонӣ ба ин манзалати таърихии тибби ниёгони шарафмандамон далолат мекунад.

Табибони муосир низ чун ворисони арзандаи гузаштагони худ осору истеъдоди фитрии хешро баҳри рушди соҳа ва таъмини ҳифзи саломатии мардум, ки яке аз ҳадафҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад, сафарбар намуда, ба ин васила дар таҳкими ҷомеаи солим саҳми муносиби хешро мегузоранд. Хурсандиовар аст, ки алҳол дар 24 муассисаи тиббии шаҳри Гулистон 105 нафар духтурон 308 нафар кормандони миёнаи тиб содиқонаву сарбаландона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи дар соли музаффариятҳои кишвар дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри саломатии инсон ва ояндаи неки ў меҳнати шоиста менамоянд.

Бо самимият тамоми кормандони соҳаи тибби шаҳри Гулистонро ба муносибати иди касбиатон табрику таҳният гуфта, бароятон бахту саодат ва файзи рўзгор таманно дорам.