zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Дар майдони Боғи истироҳатӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмуни «Оши палави Гулистон» доир гардид.

Дар он намояндагони 16 ҷамоату корхонаҳо, идораву муассисаҳои шаҳр фаъолона ширкат варзиданд. Иштирокчиёни озмун аз рўи номгўи «Оши палави беҳтарин», «Дасторхони идона», «Дастони моҳир», «Ошхўри беҳтарин» ва монанди ин байни худ қувва озмуданд. Дар фестивал-озмун ҳамчунин барои собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимон ва қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ дасторхони идона ороста, намоиши ҳунарҳои халқӣ ба маърази сокинон ва меҳмонон гузошта шуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО расман сабт шуда, оши палав дар Тоҷикистон хўроки миллӣ ва қисми мероси фарҳангӣ маҳсуб ёфта, онро  мардум бо иштиҳо «Шоҳи таомҳо» ном мебаранд.

Дар ин чорабинии хотирмон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷамъбасти фестивал-озмун ба ғолибон диплому туҳфаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.