zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи расмии шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” тасдиқ гардид.

Арбоби ҳунари Тоҷикистон, сардори галереяи “Сомониён”, раиси комиссияи озмуни рамзи шаҳр Ғафурҷон Ҷўраев дар баромади худ доир ба мақсад ва ҳадафҳои озмун, ҳамзамон тавзеҳи тарҳи нави он суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи қарори Раиси шаҳр бо мақсади тайёр кардани Рамзи расмии шаҳри Гулистон, муаррифии шаҳр ҳамчун шаҳри саноативу истироҳатӣ, шинохти он ба сифати маркази фароғатӣ ва сайёҳиву туризми байналхалқӣ ва ба сифати як минтақаи ободу мутарақии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши сокинони шаҳр дар рушду нумўи соҳаҳои хоҷагии халқи вилояту ҷумҳурӣ, тарбияи худшиносии милливу ифтихор аз ватандорӣ ва баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ озмуни лоиҳаи  «Рамзи шаҳр» эълон гардида буд.

Дар натиҷа тибқи Низомнома ба унвони комиссияи шаҳрӣ беш аз 10 лоиҳаи рамзҳои рассомони касбӣ ва ҳавасманд ворид гардида, ғолибият насиби рамзи рақами 10-ум гардид. Ба ғолиб ба маблағи 5 (панҷ) ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.