zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори калони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи корӣ доир ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ба вуқўъ пайваст.

Дар он сардори шуъбаи гулистонии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов, прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдулло Абдуллозода, сардори ШВКД шаҳри Гулистон, полковники милитса Хуршед Мирзозода, раиси суди шаҳри Гулистон Наргис Ёдгорзода ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуданд. Бо баҳонаи маккоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо ва демократикунонии ҷомеаҳо ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, аз ҷумлаи занону кўдакону мўйсафедонро қатл мекунанд, миллионҳо миллатҳои бумиро бехонаву дар месозанд, ба Аврупо иҷборан муҳоҷирашон мекунанду баъдан кадом кишвари аврупоӣ чӣ миқдор гурезаи мусулмон пазируфтанро миёни ҳам машварату маслиҳат мекунанд, яъне як масхарабозии сиёсӣ дар ҷараён аст. Дар чунин шароити мушкил ва нобасомон қудратҳои бузургу гуруснаи ҷаҳонӣ тўъмаҳои наву тоза мехоҳанд. Дар робита ба ин, барои пешгирии зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсияи корҳои равонӣ(психологӣ), ки барои пешгирии хушунат мусоидат менамояд, маҳдудияти иҷтимоии гурўҳҳои террористӣ, маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳангсозии нерўи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи марказонидашуда оид ба тамоми фаъолият барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар ҷамъомад сардори шуъбаи гулистонии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов маърўзаи муфассал намуда, бо далелҳои қатъӣ оид ба хатари махуфи экстремизму терроризм ба ҷомеа суханронӣ намуд. Прокурори шаҳри Гулистон Абдулло Абдуллозода роҷеъ ба тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард.

Собиқадори меҳнат, Шаҳрванди фахрии Гулистон Санавбар Нуриллоева, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Соҳил” Абдуманнон Одинаев зимни суханрониашон ин падидаҳоро бегона ва хатарнок ба ҷомеаи тоҷикистониён арзёбӣ намуда, онро маҳкум намуданд.