zoofirma.ru
Недоступен ни однин перевод.

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!

Шоистаи зикр аст, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рўзҳои нахустини таъсисёбии худ он доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои онҳоеро, ки сари гаҳвораи ин ниҳоди муҳими давлатӣ буданд, бошарафона идома медиҳад.

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сўхтор вогузор карда шудааст. Бинобар ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии ҳудуди шаҳр дар маҷмўъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии мустақим дорад.

Дар таърихи ташаккул ва инкишоф милитсияи Тоҷикистон роҳи пуршарафи тараққиётро тай кардааст. Дар солҳои навадуми асри гузашта даҳҳо гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва беш аз сад гурўҳи муташаккили ҷинояткор бо мақсади ҳар лаҳза халалдор намудани вазъи ҷамъиятӣ ҳамарўза ба амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарӣ ва гаравгонгирии одамон даст мезаданд ва ба дили сокинони кишвар даҳшат меафканданд. Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурўши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд. Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон робитаи бевосита дорад.

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарўзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Шуморо бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулиятатон ба нафъи давлат ва халқ муваффақият орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!