zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1519 сомонӣ;

2.Сармутахассиси бахши нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1131,60 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1 - ҷой маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ;

4. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1- ҷой маоши мансабӣ - 759 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1 - ҷой маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ;

Мақомоти худидоракунии ҷамоати шаҳракҳо:

6. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1 - ҷой маоши мансабӣ - 1028,10 сомонӣ;

7. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Консой 1 - ҷой маоши мансабӣ - 1028,10 сомонӣ;

8. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1 - ҷой маоши мансабӣ - 1028,10 сомонӣ;

9. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1 - ҷой маоши мансабӣ - 1028,10 сомонӣ;

10. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 - ҷой маоши мансабӣ - 841,80 сомонӣ;

11. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Консой 1 - ҷой маоши мансабӣ - 841,80 сомонӣ;

12. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1 - ҷой маоши мансабӣ - 841,80 сомонӣ;

13. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1 - ҷой маоши мансабӣ - 841,80 сомонӣ;

14. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1 - ҷой маоши мансабӣ - 841,80 сомонӣ;

15. Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 - ҷой маоши мансабӣ - 1028,10 сомонӣ;

16. Мутахассиси нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1- ҷой маоши мансабӣ - 841,80 сомонӣ;

17. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 - ҷой маоши мансабӣ - 841,80 сомонӣ;

18. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1 - ҷой маоши мансабӣ - 1028,10 сомонӣ;

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4*6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (тариқи нотариалӣ тасдиқгардида);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УБ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ - аз нозироти андоз;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ ва таъқиби ҷиноятӣ аз РВКД вилояти Суғд;

-маълумотнома аз ҷои зист;

-маълумотнома (объективка)

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлати ё 3 сол собиқаи умуми меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис, мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;

-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 21 рӯз пас аз нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад. Нишонӣ: шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол №79, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр. Телефон барои маълумот: 83443, 2-46-11, 2-45-55, почтаи электронӣ Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript