Сатри равон
(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

ҚАЙРОҚҚУМИҲО ДАР «ТОҶИКОН»-И

АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

«Дар соҳили рости Сирдарё самти шарқии Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дар маҳалли биёбонии Қайроққум даҳҳо маскани давраи тараққӣ ва охири марҳилаи аҳди биринҷӣ (ҳазорсолаи 3-2 пеш аз милод) дарёфт ва тадқиқ шудаанд. Аксари масканҳо хурд буда, аз  0,1 то 0,3 гектар масоҳат доранд, вале дар байни онҳо маканҳои хеле калон ҳам ҳастанд, ки масоҳати қариб 10 гектарро ишғол намудаанд. Ҳар як маскан аз якчанд нишемангоҳ иборат буд, ки дарозиаш ба 20 метр ва бараш ба 12-15 метр мерасанд.

Қайроққумиҳо асосан машғули чорводорӣ буданд. Аз ин рӯ дар масканҳо устухони гӯсфанд, буз, гов ва асб ҷамъ шудааст. Ба таври фаровон мавҷуд будани ҳовангу (ухурча), ос (осиё), ки барои ярма ва орд кардани ғалла хизмат мекарданд, аз ривоҷ доштани зироат гувоҳӣ медиҳанд.

Яке аз машғулиятҳои асосии қайроққумиҳо кори маъдан ва фулузгудозӣ буд. Дар маскани онон дажғолаҳои аз гудозиши биринҷӣ боқимонда ва қолибҳои сангӣ барои рехтани метин ва табарҳои биринҷӣ ёфт шудаанд.

Сафолоти Қайроққум ба сафолоти Тозабоғёб (маҳал дар назди баҳри Арал) шабоҳат дорад. Қайроққумиҳо барои ороиши зарфҳои сафолӣ қолибҳои махсуси мусаттаҳ ва дандонадорро кор мефармуданд.

Дар худи Қайроққум дафнгоҳи одамони аҳди биринҷӣ пайдо гардиданд. Қабилаҳои қайроққумӣ як қисмати гурӯҳи калони қабилаҳои аҳди биринҷии саҳроиро, ки он вақтҳо баъзе ноҳияҳои водии Фарғона ва воҳаи Тошкандро ишғол намуда, дар ҳудуди Ҳафтрӯд бо қабилаҳои андромин (Қазоқистони Ҷанубӣ)  пайваста буданд, ташкил мекардаанд. Маданият ва маҳалро маданияти қайроққумӣ меноманд. Қайроққумиҳо дар шимоли Тоҷикистон ғайр аз худи Қайроққум дар райони (ноҳияи) Шаҳристон низ сукунат доштаанд. Осори маданияти моддии онҳо аз қабатҳои болои мағораи Оқтанга ёфт шуд.

«Тоҷикон», ҷ. 1, саҳ. 35-36.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:272
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:814
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1870
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7673
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:22630
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:32539
mod_vvisit_counterҲамагӣ:349118

Мо дар Фейсбук