zoofirma.ru

17-уми  сентябри соли 1958 ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров таваллуд ёфтааст. Миллаташ  ӯзбек. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 Донишкадаи бофандагии Тошканд (ғоибона)  хатм намудааст. Солҳои 1978-1986 челонгари Иттиҳодияи истеҳсолии «Қолинҳои Қайроққум», солҳои 1986-1989 инструктор-мудири шуъбаи Кумитаи ҳизби коммунистии шаҳри Қайроққум, солҳои 1991-1999 усто, сардори сехи обу канализатсияи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», солҳои 1999-2009 ёрдамчии директори генералии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», солҳои 2009-2013 директори иншоотҳои ғайрифаъолиятӣ ва хизматрасонии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», аз  моҳи июни соли 2013 дар мансаби мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон кор мекунад.