zoofirma.ru

Роҳбари дастгоҳ

Муовини Раиси шаҳри Гулистон

Соли таваллуд 24 марти соли 1974

Ҷои таваллуд ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1995 Филиали Хуҷандии Донишкадаи политехники Тоҷикистон (рӯзона) ва  соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро (ғоибона) хатм намудааст.

Ихтисос муҳандис – технолог, ҳуқуқшинос

Оиладор мебошад.

Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1995- 1996 муҳандиси техники ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корхонаи Фузулоти Нодири Ленинобод»

Солҳои 1996-2005 ҷонишини сардори шуъбаи таъминоти техникии ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи  «Корхонаи Фузулоти Нодири Ленинобод»

Солҳои 2005-2006 Муовини сардори идораи саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Солҳои 2006-2007 Сармутахассиси шуъбаи саноати дастгоҳи Раиси  вилоят

Солҳои 2007-2009 Сардори шуъбаи ҳуқуқшиноси ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи  «Корхонаи Фузулоти Нодири Ленинобод»

Солҳои 2009-2010 Мутахассиси шуъбаи меҳнат ҳифзи иҷтимои шуғли аҳолӣ ва муроҷиат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Солҳои 2010-2011 Мутахассиси шуъбаи назорат ва протоколи дастгоҳи Раиси вилоят

Аз феврали соли 2011 Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва протоколи дастгоҳи  Раиси вилоят

Солҳои 2011-2015 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

Аз феврали соли 2015 Муовини Раиси шаҳри Гулистон