zoofirma.ru

Дар раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст.

Алъон дар олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми пурташвиш эътироф гардид. Дар васоити ахбори омма қариб ҳамарўза дар бораи ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён ба зиндагии осоиштаи одамон хабар пахш карда мешавад.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро мушаххас баён намуда, таъкид карданд, ки идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад, боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Сарвари давлат зикр карданд, ки: «Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Имрўз вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки ба қадру қимати суботу амнияти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли худ расида, онро ҳамаҷиҳата таҳким бахшем. Дар ҷомеа хислатҳои ҳамидаи рафтору кирдорро, аз қабили худшиносӣ, худогоҳӣ, зиракӣ ва мақоми устувори сиёсӣ, ободкориву созандагиро бештару ибратбахштар талқин намоем. Ба қадри замину замони ободу осоишта расем.

Дар ин замина, рӯзҳои вазнини ибтидои солҳои 90 - уми қарни гузаштаро  ба ёд оварда, аз падидаи густурдаи зўровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона ҳушёр бошем. Бояд зидди ин падидаҳо муқовиматпазир бошем.

Хушбахтона, мо Пешвои хирадманду оқил дорем, ки маҳз бо талошҳои хастанопазири роҳбарияти олии кишвар ва дастгирии мардуми шарафманди тоҷик дар ҷомеа ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит сохт, ки  ҳар иқдоми неки пешгирифта, комёбиҳо ба бор меорад. Дастовардҳои бесобиқаи даврони истиқлолияти мамлакат худ нишони ин гуфтаҳо мебошанд.

Бале, тинҷиву осоиштагӣ, амну субот омили ҳамаи пешравиву пирўзиҳо аст. Имрўз моро мебояд ба қадри истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расида, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ин қарзи муқаддас барои ҳар яки мо дар назди Ватан-модари азизамон – Тоҷикистон мебошад.