zoofirma.ru

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Меҳри модар» чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни миллии Сада баргузор гардид.

Чорабинӣ бо афрўхтани оташу дар гирди он хурсандӣ намудани сокинон, ҳунарнамоии дорбозон ва намоиши бозиҳои миллӣ аз тарафи варзишгарони ҷавони гулистонӣ ибтидо гирифта, навъи ниҳолҳои ороишӣ манзури сокинони маркази шаҳр гардид.

Намояндагони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Навгарзан, муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии шаҳр бо оростани дасторхони идона ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва эҳёи оинҳои миллӣ дар тантанаҳои идона иштирок намуда, омода намудани таомҳои миллиро аз қабили чалпакпазӣ, оши бурида, оши палав ба сокинон манзур намуданд. Ҳамчунин намояндагони маркази славянӣ дасторхони идонаи худро бо суруду таронаҳои халқии худ пешниҳод намуданд. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштироки адрасбофон, алочабофон, кешбофон, оҳангарон ва монанди ин ба тантанаҳои идона шукўҳи тоза бахшид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо таҷлили иди Сада муборакбод намуд.

Санъаткорони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертиро таҳти унвони «Сада – санои хуршед» манзури ҳозирин намуданд.