zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи машваратӣ оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба ташкили низоми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат баргузор гардид.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон  Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, иброз  дошт, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як сокини кишвар масъалае мебошад, ки доимо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан зери таваҷҷуҳи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зикр карда шуд, ки татбиқ намудани тартиби нави кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буда, ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад.

Сипас Сардори Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоии Агентиии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурурстиӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Набиҷон Ҷӯраев  дар бораи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар, дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ тавассути низоми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва ҷорӣ намудани он дар ҳудуди шаҳр бар ивази низоми амалкунандаи пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ва кумакпулиҳо барои оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамояд, ҳарф зада, бо мисолу арқом масъаларо тавзеҳ дода, афзалияти онро дар раванди ҷомеа таъкид намуд. Мавсуф ҳадафи ҷаласаи машваратиро дар оғоз бахшидан ва омодабошиҳо ҷиҳати саривақт ҷорӣ намудани механизми нав дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои тобеъ арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми ҷаласаи машваратӣ мубодилаи афкори судманд ба вуқӯъ пайваста ба иштирокчиёни ҷаласа маводҳои таъиноти методӣ супорида шуданд.