zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳонаи ҷавонӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҷавонони фаъол – намояндагон аз соҳаҳои мухталифи хоҷагиии халқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни суханронии худ оид ба нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза ва хусусан дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф зада, ҷавононро барои амалҳои шоиста ва корҳои бунёдкориву созандагӣ даъват намуд.

Дар ҷаласа тазаккур дода шуд, ки масъалаи тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад. Сарвари хирадманди давлат дар ҳамаи суханрониҳои худ ва ҳамчунин дар сиёсати амалии пешгирифтаи худ ба тарбияи ҷавонони худшиносу худогоҳ ва миллатдӯст аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Роҳбари давлат нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар Паёми навбати хеш ба онҳо баҳои баланд доданд. Президенти кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд худшинос, худогоҳ ва ватандӯст бошанд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки алҳол қариб 15 ҳазор аҳолии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»-ро, яъне қариб 31 фисадро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳоло ҷавонони гулистонӣ  дар донишгоҳҳои олии вилояти Суғд қариб 500 нафар, дар муассисаҳои олии берун аз кишвар беш аз 50 нафар ва  дар  донишгоҳҳои олии  пойтахти мамлакатамон зиёда аз 85 нафар аз рӯи тахассусҳои гуногун таҳсил доранд. Соли равон ба 25 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр идрорпулии Раиси шаҳр ва ба 15 нафар идрорпулии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ муқаррар  гардидааст. Беҳтарин  хонандагони шаҳр аз муассисаи таълимии № 2-и шаҳраки Чоруқдаррон Нодира Мадаминова ва Нигора Акрамова аз муассисаи таълимии № 8 шаҳраки Сирдарё ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор мебошанд.

Варзишгарони гулистонӣ соли равон то ба имрӯз дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, барои гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф шуданд. Аз ҷумла, дар 5 мусобиқаи вилоятӣ бо гирифтани 14 медал, дар 3 чемпионати  ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 68 медал сазовор гардиданд. Варзишгарони ҷавони шаҳр тавонистанд номи шаҳри энергетикҳо, геологҳо, қолинбофону маъданчиёнро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона муаррифӣ намоянд.

Дар мулоқот омӯзгорони ҷавон Раъно Азизова, Раҳима Норматова, Исмоил Саидов ва хонандаи муассисаи таълимӣ Маниҷа Самадова роҷеъ ба чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои тобеъ баргузории маҳфилу ҳамоишҳо, аксияву мизҳои мудаввар, аёдати ҷавонони ниёзманд, озмуну шанбегиҳо ва монанди ин тарҳрезӣ гардидааст. Ҳамзамон дар рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” таҳти рубрикаи “Як моҳи ҷавонӣ” нашри маводҳои ҷолиб роҳандозӣ гардида, инъикоси пурраи моҳонаи ҷавонӣ дар шаҳр ба нақша гирифта шудааст.