zoofirma.ru

Дар Боғи фароғатӣ-фарҳангии Темурмалик ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии шаҳрӣ дар пояи муҷассамаи «Ёдбуд» бо иштироки заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва меҳмонон ба вуқӯъ пайваст.

Тантанаҳои идона аз гузориши комиссари ҳарбии шаҳр подполковник М. Шамсиддинов ва гузашти бонизоми сарбозони қисми ҳарбии 45005 ибтидо гирифт.

Муовини Раиси шаҳри Гулситон Ғайрат Оқилзода гулистониёнро аз номи Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба ифтихори Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Бахтиёр Эҳсонзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори 73-солагии Рӯи Ғалаба манзури сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» намуд.

Сипас ба хотираи қурбониён ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 лаҳзаи хомӯшӣ эълон гардида, дар интиҳо маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи “Ёдбуд” ба вуқӯъ пайваст.