zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба муайян, ташкил ва ташхис намудани ҷойҳои шиноварии оммавӣ дар минтақаи истироҳатии шаҳр дар мавсими тобистони соли 2018 доир гардид.

Роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба иҷрои амри Раиси шаҳр аз 30-юми апрели соли 2018,  № 33 гузориши муфассал дод. Зикр гардид, ки дар соҳилҳои обанбори «Баҳри тоҷик» ҳафт мавзеъҳо ва чанд кӯлу ҳавзҳои сунъӣ барои ҷойи оббозӣ ва шиноварӣ муайян карда шудаанд.

Аз ҷумла, дар шафати меҳмонхонаи “Наврӯз-2”, тарабхонаи “Мавҷи дарё”, ду мавзеъ дар соҳили “Баҳри тоҷик”, кӯли сунъӣ дар мавзеи Боғи миллӣ, обутобгоҳи Лангар, кӯлҳои сунъӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҶДММ “Осоишгоҳи Баҳористон” фаъолият доранд. Муҷиби зикр аст, ки барои фаъолияти бонизоми ин мавзеъҳо бояд тибқи талаботи қарори Раиси шаҳри Гулистон  № 404, аз 18-уми октябри соли 2010 “Оид ба таъмин намудани бехатарӣ дар ҷойҳои оббозӣ, истифодабарии нақлиёти обӣ ва воситаҳои шиноварӣ дар обанбор” барои ташкил намудани обутобгоҳҳо ва баҳри таъмин намудани бехатарии истироҳаткунандагон як зумра таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, воҳиди корӣ ва лавҳаву овезаҳо бо навиштаҷот лозим мебошанд.

Дар охир Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба масъулин доир ба омодагӣ ва баргузории мавсими нави оббозӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон