zoofirma.ru

30-юми апрели соли равон раванди бақайдгирии асосии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Мувофиқи ҳисоботи даврии Маркази миллии тестӣ 355 нафар (75,5%) хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон аз қайд гузаштаанд, ки аз ин шумора 286 нафар (56,6%) хатмкунандагони соли таҳсили 2017-2018 ва 69 нафар (13,7%) хатмкардагони солҳои қаблии муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд.