zoofirma.ru

Санаи 25-26 апрели соли 2018 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати вилояти Суғд оид ба каратэ-до годзюрю бахшида ба «Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Дар Чемпионати мазкур зиёда аз 30 нафар варзишгарони шаҳри Гулистон таҳти роҳбарии сармураббӣ оид ба каратэ-до годзюрюи мактаби варзишии шаҳр Валиҷон Қамбаров иштирок намуданд. Варзишгарони мо Анушервони Ғуфрон, Шамсиддинов Шарифҷон, Абдуқодиров Эргашбой, Насибов Фурқатҷон, Ҷалилов Манучеҳр, Урунов Мирзобаҳром, Ҳамралиев Фаромўз, Набиев Шералӣ, Худойбердиев Муҳриддин, Ҳамралиев Абўбакр, Тозагулхонов Фирдавс, Камолов Муҳаммадназар, Захриддинов Исломиддин хеле бомаҳорати баланд баромад карда сазовори ҷойи 1, варзишгарон Ҳалими Олим, Фаризҷони Абдуғиёс, Алиев Сорбон, Облоназаров Шерзод, Латипов Рустам, Зоидов Музаффар, Нодиров Умедҷон, Захриддинов Имомиддин, Содиқова Нилуфар сазовори ҷойи 2 ва Шодимуродзода Каъба, Рустамов Фирдавс, Манучеҳри Абдуғиёс, Захриддинов Муҳаммадҷон, Орзуқулова Мавҷуда дар вазнҳои гуногун сазовори ҷойи сеюм гардиданд.