zoofirma.ru

Дар арафаи ид ба муносибати 73-юмин солгарди Рўзи Ғалаба собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Петрова Анастасия Ивановна аз тарафи Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аёдат карда шуда, ба мавсуф ҳадяпулии Раиси вилоят ва Раиси шаҳр супорида шуд.

Ҳамзамон ба 6 нафар заҳматкашони ақибгоҳ аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо маблағи 1200 сомонӣ ва аз номи Раиси шаҳри Гулистон ба маблағи 800 сомонӣ кумакпулии яквақта супорида шуд.

Ба муносибати Рўзи Ғалаба аёдати собиқадорон, заҳматкашони ақибгоҳ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил ва аъзои оилаи шахсоне, ки дар ҷангҳо ҳалок гардидаанд, ба роҳ монда шуда аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба онҳо ёрии яквақтинаи моддӣ расонида шуданд.