zoofirma.ru

Дар толори хурди Маркази саломатии шаҳр ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Шўрои собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо иштироки собиқадорони соҳа баргузор гардид.

Раиси ТИ собиқадорони соҳаи тандурустӣ Олим Султонов оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ маърўза намуд. Дар музокира собиқадорон  Абдурасул Бобоев ва Тутӣ Зайниддинова иштирок карда, фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас вакилони ҷаласа раёсати Шўрои ташкилотро бо овоздиҳии кушода раис, муовин ва котиби ташкилотро интихоб намуданд.

Дар кори ҷаласа намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова иштирок ва суханронӣ намуданд.