zoofirma.ru

Дар кӯчаи асосии маркази шаҳр бо иштироки сокинон, намояндагони корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо ва ҷамоати шаҳраки Сирдарё Дави миллӣ таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» ба вуқӯъ пайваст.

Дави миллӣ муташакилона баргузор гардида, дар охир Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол, аз ҷумла хурдсолтарин иштирокчиён Ҳасан ва Ҳусейн Ҷамоловҳо, кӯҳансолтарин иштирокчиён Мирзоҳамдам Шарифзода ва Наталя Ярушкина Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва димпломҳои фахрӣ супорид.