zoofirma.ru

`

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар доираи моҳонаи ҷавонон муолоқоти Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо ҷавонони шаҳр доир гардид.

Раиси шаҳр ҷавононро ба муносибати рӯзи ҷавонон табрик намуда, зикр кард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардаистодааст.

Имрӯз ҷавонони шаҳри Гулистон, ки беш аз 33 дарсади теъдоди сокинони онро ташкил медиҳанд, бо рӯҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият бурда, дар ҳамаи чорабиниҳову маъракаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифативу варзишӣ саҳми назаррас ва нақши боризи худро гузошта истодаанд. Алҳол дар ҳудуди шаҳр 2 нафар хонандагони аълохон ва фаъол ба гирифтани Степендияи Президенти Ҷукмҳурии Тоҷикистон, 25 нафар хонандагони аълохону фаъол  ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳр, 15 нафар ба гирифтани степендияи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ноил шудаанд. Ҳамзамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр теъдоди зиёди ҷавонони лаёқатманду мутахассисони варзидаи касбу кори гуногун фаъолияти пурмаҳсули меҳнатӣ доранд.

Дар вазъи тантанавӣ Раиси шаҳр ба 2 нафар Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба 47 нафар пешоҳангони соҳаҳо хоҷагии халқ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ба 25 нафар хонандагон стипендияи Раиси шаҳр, ба 15 нафар идрорпулии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва ба 24 нафар  хонандагони фаъол Гувоҳномаи иштирокчии Ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр супорид.