zoofirma.ru

20 июни соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон як қатор майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин рӯз дар назди биноҳои баландошёнаи кӯчаи Истиқлол ва кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Гулистон се майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид. Майдончаҳои варзишӣ бо ташаббуси ҶСК «Қолинҳои Гулистон», Корхонаи фаръии коммуналии манзилии шаҳр, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон – 1» ва Корхонаи муштараки «Апрелевка» бунёд гардидааст.

Зимни ифтитоҳи иншооти варзишӣ Раиси вилоят бо сокинони шаҳр суҳбат намуда, иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дошта, бунёду сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла иншооти варзишӣ идома дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистонро дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ туҳфаи арзанда барои сокинони шаҳр унвон карда, таъкид дошт, ки майдончаҳои варзишӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.

Сипас, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Истиқлоли шаҳр коргоҳи дўзандагии «Ситора»-ро ифтитоҳ намуда, бо бонувони ҳунарманди шаҳр суҳбати самимӣ орост. Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии занони ҳунарманд тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки коргоҳи мазкур  дар маркази савдои «Азиза» ва бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ таъсис дода шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ  Раиси вилоят дар оғози марҳилаи аввали истироҳатӣ дар урдугоҳи «Шоҳин» ширкат варзида, бо шароитҳои истироҳативу фароғатии урдугоҳ шинос гардид.

 

 

 

 

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд