zoofirma.ru

Дар толори муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳрбахшида ба 80-солагии Шаҳрвандии фахрии Гулистон, табиби соҳибтаҷриба Абдурасул Бобоев ҷамъомади ботантана доир гардид.

Ҷамъомадро раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тибби шаҳр Олимҷон Султонов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Аз ҷумла зикр гардид, ки Абдурасул Бобоев беш аз 60 сол инҷониб дар Маркази назорати давлатиии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон  дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла ба ҳайси сардухтур солҳои тӯлонӣ сарбаландона ифои хизмат намуда, шогирдони зиёдеро тарбияи кардааст.

Дар ҷамъомад раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова, Шаҳрванди фахрии Гулистон, ходими ҳизбию давлатӣ Санавбар Нуриллоева, раиси итттифоқи касабаи МНДСЭ-и шаҳр Сулҳия Қодирова, раиси ҷамоати Исмоил Ҳамзалиев Ғуломҷон Мирзоӣ, сардухтури КВД «Осоишгоҳи Шифо» Шарифҷон Абдуллоев, собиқадори меҳнат Абдухалил Бобоев баромад карда, доир ба сифатҳои ҳамидаи соҳибҷашн ҳарф зада, ӯро таҳният намуданд.

Дар охир соҳибҷашн барои ташкил ва баргузории чорабинӣ изҳори самими миннатдорӣ баён намуд.