zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолии шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳр, аз ҷумла таъкид намуд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 моҳияти байналхалқӣ дошта, ҷиҳати баргузории он ҳанӯз соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид санади махсус ба тасвиб расидааст.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба ин маъракаи муҳим дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» як қатор қарору фармон ва санадҳои дахлдорро ба тасвиб расонидааст. Дар ҷаласа инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 12.10.2015, №572,  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»,  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд.

Сипас котиби комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолии шаҳр Матлуба Зайниддинӣ доир ба омодагиҳо ба барӯйхатгирии санҷишии соли 2018,  принсипҳо, даврият ва муҳлати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, тартиби Низомнома, ҳуҷҷатгузорӣ, мақсади асосии барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ, тартиби нақшаи тақвимии чорабиниҳо, омода кардан ва гузаронидан, коркард, ҷамъбаст намудани натиҷаи он баромад намуд.

Дар охир ба аъзои комиссияи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолият ва чорабиниҳои омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.