zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо интихобкунандагони гулистонӣ баргузор гардид.

Мулоқотро бо суханони ифтитоҳӣ Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба дастовардҳои сокинони шаҳр дар даврони истиқлолияти давлатӣ, нақшаву дурнамоии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода доир ба фаъолияти пурсамари парламенти касбии мамлакат дар давраи ҳисоботӣ сухан ронда, оид ба баланд шудани музди маош тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ дод. Ҳамзамон ба саволҳои интихобкунандагон посухҳои қаноатбахш дода шуд.

Чунин мулоқотҳо дар шаҳраки Консой ва Адрасмон баргузор гардида, дар муассисаҳои иҷтимоӣ вохӯрии вакил бо интихобкунандагон доир гардиданд.