zoofirma.ru

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 марти соли 2015, таҳти №147 бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ, нашри маводҳои баландпоя дар мавзӯҳои аҳамияти махсусдошта, дорои арзиши баланди иҷтимоӣ ва дастгирии ҷурналистони вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ барои беҳтарин маводи ҷурналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2015» озмун гузаронида мешавад.

Ғолибон бо мукофотҳои таъсиснамудаи пулӣ аз 1500 то 6000 сомонӣ қадр хоҳанд шуд.

Барои шиносоӣ бо Низомномаи озмуни вилоятӣ ва гирифтани маълумоти муфассал  метавонед ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед:

(83443)2-42-34;  (92) 806-26-06; (92) 775-84-98.