zoofirma.ru

Як кадам роҳ аст Бедил аз ту то домони хок,

Бар сари миҷгон чу ашк истодаи ҳушёр бош.

Имрузҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фитнаҳо фаро гирифтааст, ки инсон метавонад дар ҳар қадам ба як фитна дучор шавад. Инсони бехираду ноогоҳ дарҳол ба доми фитна ва фитнагарон дохил мешавад, ки оқибаташ бадбахтист. Мисоли ин гуфтаҳо ТЭТ ҲНИ аст. Инқадар фитнаҳое, ки ин бадбахтон дар ҷомеаи мо паҳн карданд боис шуд, ки чандин ҷавонони камхиради моро ба доми худ кашанд ва аз ватан маҳрум гардонанд. Баъзеи ин гуна ҷавонони фиребхурда дар хориҷи кишвар, дур аз ватан, дур аз волидайн ва хешу ақрабо бо чи ҳасратҳое зиндагӣ доранд, ки ҳатто баъди маргашон низ ҷасади онҳо аз хоки поки ватан маҳрум мегардад. Ҳамаи ин бадбахтиҳо сабабгораш ин ташкилоти хунхораст. Аз он ҷумла фавти Муҳаммадсаиди 46-сола, ки дар шаҳри Дортмунди Олмон, дар ин мулки ғариби, дур аз ватан ба вуқуъ пайваст гуфтаҳои болост. Бинобарин ҷавонони азиз бояд ҳамаи мо огоҳ бошем, замоне фаро расидааст, ки мо бояд некро аз бад фарк карда тавонем, донем, ки ин фитна аст ё насиҳат. Ҳамаи ин дар натиҷаи хондан, омухтан ва насиҳати бузургонро гирифтан ба вуҷуд меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бовари нисбат ба ҷавонон таъкид доштанд, ки: “Ҷавонон насли ояндасози миллат мебошанд”. Ҷавонони кишвар бояд ба қадри ин боварӣ ва дастгириҳои Пешвои Миллат бирасанд ва насиҳатҳои падаронаи он касро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд.

Муҳаммадӣ Назаров, имомхатиби масчиди ҷомеи ба номи “Шайх Муслиҳиддин”-и ҷ/д Алмосӣ, ш.Ҳисор