zoofirma.ru

«Ба хобам дароед, падарҷон»Интишороти «Анис» ҷанде қабл маҷмӯаи тозаэҷоди сухангустари ӯзбекзабон Муҳаммадалӣ Гулбойро бо чунин унвон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ манзури ҳаводорони назм намуд. Маҷмӯаи мазкур чорумин китоби навбатии шоири ҷавон буда он армуғон ба хонандагони каломи бадеъ мебошад.

- Китоб  ҳаҷман калон нест аммо шеърҳояш самимиянд, - иброз дошт нависанда Маъруф Бобоҷон.

29-уми апрел адибон Маъруф Бобоҷон, ӯринбой Усмонов ва Ҳоҷӣ Абдурашид Бузруков ба деҳаи Гулшани Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ташриф оварда Муҳаммадалӣ Гулбойро аёдат ва китоби нави ӯ бо номи «Ба хобам дароед, падарҷон»-ро дар вазъияти ботантана барояш тақдим намуданд.

-Новобаста аз вазъи саломатиаш писарам Муҳаммадалӣ ҳамеша дар ҷаҳди хондану эҷод аст,-нақл мекунад модари М.Гулбой Буҳоҷал Солиева ва илова кард: - аз ин ғамхориҳои давлату ҳукумат ва Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, ки ҳар бори боздид аз Ҷамоат ба аёдати фарзандам Муҳаммадалӣ Гулбой ташриф меоранд мо аҳли оила хеле шоду мамнунем.