zoofirma.ru

Кӯмакпулии президентӣТибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-495, аз 29 апрели соли 2015 ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Қайроққум Воҳид Самадов бахшида ба 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта таъин карда шуд.

Кӯмакпулии президентӣ

Ин кӯмакпулии яквақта санаи 6 майи соли 2015 аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати вилояти Суғд Қодири Абдулатиф бо иштироки Раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлубахон Амонзода  ба родмарди шуҷоъ, собиқадори ҷангу меҳнат Воҳид Самадов супорида шуд.